Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм  ҳамроҳ бо намояндагони ҳукумати маҳаллӣ дар маросими ифтитоҳи ёдгории таърихӣ – мадрасаи Оим, ки аввалин таълимгоҳ барои занон дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, иштирок намуд.

Дар доираи барномаи Хазинаи сафирони ИМА барои нигаҳдошти мероси фарҳангӣ (AFCP), Сафорати ИМА ба созмони ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» барои тармиму азнавсозии утоқҳо, деворҳо ва боми мадраса 77 154 доллар тақдим намуда буд.

Созмони ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» дар ҳамкории зич бо ҳукумати маҳаллӣ  азнавсозии мадрасаи Оимро ба анҷом расонид. Мадраса дар айни замон ба сифати осорхона фаъолият карда, таҳти назорати Вазорати фарҳанг қарор дорад.

tj.usembassy.gov

Мадрасаи Оим, ки дар ибтидои асри XIX (сс. 1824-1825) бо ҷалби ҳунармандони маҳаллӣ бунёд шуда буд, иншооти нодири таърихӣ ба шумор меравад. Дар он бонувон таҳсил менамуданд. Ҳукумати Тоҷикистон ин ёдгории фарҳангиро дар Феҳристи ёдгориҳои таърихию меъморӣ ба қайд гирифтааст.

Таваҷҷўҳи асосии Барномаи AFCP, ки назди Сафорати ИМА фаъолият мекунад, ба ҳифзи ёдгориҳои нодири фарҳангӣ дар кишварҳои мизбон равона шудааст. Аз соли 2001 Барномаи AFCP ба 17 лоиҳа дар Тоҷикистон кўмаки молиявӣ расондааст: тақрибан 620 000 доллар барои нигоҳ доштани ёдгориҳои нодири фарҳангӣ дар Тоҷикистон ҷудо карда шуд.

Лоиҳаҳое, ки қаблан кӯмаки молӣ  гирифтанд, дар самти ҳифзу ҳимояи мадрасаи Хоҷа Машҳад, ки дар асри IX сохта шудааст, Мақбара дар Шаҳритуз, нақшҳои рўйдеворӣ дар Қасри Поёни Панҷакенти Бостонӣ, Мадрасаи Куҳна дар Ҳисор, ки дар асри XVI сохта шудааст, ва инчунин барқарорсозӣ ва ҳифзи маҷмўаи ашёҳои қадима дар Осорхонаи давлатии осори атиқа фаъолият мекунанд.

Аз соли 1992  инҷониб мардуми Амрико ба ҳаҷми беш аз 1,8 миллиард доллар кўмак расонидааст. Ин маблағ тариқи барномаҳо ва ёрии башардўстона барои дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона гардидааст.