Шаҳрванди Эрон Отифа Печанд, ки таҳти ҳимояти Комиссари СММ оид ба умури гурезагон қарор дорад, изҳор мекунад, ки оилааш дар шароити душвор қарор гирифтааст. Онҳо расман ҷойи кор дарёфт карда наметавонанд, сафарашон  ба кишвари сеюм низ имкон надорад ва аз Раёсати СММ низ дигар кумак намегиранд.

Дар ин робита Отифа қайд кардааст, ки чанд сол пеш бо шавҳараш бинобар сабаби напазируфтани сохти давлатдорӣ дар Эрон, ба Душанбе омадааст, чунки ба онҳо низоми ҳокимияти озоду демократӣ писанд аст.

“Мо қариб 7 сол пеш ба Тоҷикистон омада будем. Расман кор карда наметавонистем ва сафар ба кишвари сеюм низ муяссарамон намешуд. Ба муроҷиатҳои сершмуори мо ба Раёсати СММ оид ба умури гурезагон ваъда медоданд, ки мушкилро ҳал мекунанд, лекин бо гузашти чунин муддати тӯлонӣ, чизе тағйир наёфтааст”, - мегӯяд Печанд.

Ба гуфтаи ӯ, бо надоштани ҷойи кору нагирифтани кумак, онҳо бо шавҳараш маҷбур мешуданд, ки баъзан дар куҷое, ки рост меомад, пул кор кунанд, лекин айни замон тамоман дар вазъи мушкил қарор гирифтаанд.

“Ба Раёсати СММ оид ба умумри гурезагон бори охир 3 сол пеш муроҷиат карда будем. Он замон ба мо 150 доллар кумакпулӣ доданд. Чанд рӯз пеш ман бори навбатӣ ба дафтари кории Раёсати рафта, мактубамро бо дархости кумак супурдам, лекин дархости маро рад намуда, сабабашро хаттӣ шарҳ надоданд. Мо дар хонаи иҷора ҳар моҳ 1500 сомонӣ маблағ пардохт мекунем, барои хӯроку сарулибос низ пул лозим аст. Касе ба ёрии мо шитоб надорад. Бояд чӣ кор кунем?”, - мегӯяд зан зимни муроҷиаташ ба идораи “Азия-Плюс”.

Ёдрас мекунем, ки санаи 6 августи соли 2014 Отифа Печанд дар дохили бинои намояндагии СММ дар ҶТ худро оташ заданӣ шуд. Он замон Отифа Печанд дар беморхонаи сӯхтаи №3-и шаҳри Душанбе бистарӣ шуда, ба «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки тасмим гирифтанаш ба даст задан ба чунин амали ноумедона барои он аст, ки «намояндагии СММ дар Тоҷикистон нисбати тақдири ӯ бетараф мебошад».

Қаблан дар изҳороташ ба унвони Прокуратураи генералӣ дар бораи таҷовуз ба номусаш аз ҷониби корманди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ маълумот дода буд. Дар изҳороташ зикр карда буд, ки  санаи 10.02.2014 сол корманди ВКД ӯро зӯран ба автомашинаи рақами 55 00 АМ 01 савор карда, ба кабинети кориаш меорад ва дар ҳамон ҷо нисбати ӯ амалҳои зӯроваронаи дорои хусусияти шаҳвонӣ содир мекунад.

Дар ҳамин ҳол, дар маркази робита бо ҷомеаи Раёсати Комиссариати олии СММ оид ба умури гурезагон дар Тоҷикистон хабар доданд, ки мувофиқи қоидаҳои махфӣ будани маълумот, дар бораи ҳолати кор бо гуреза аз Эрон муфассал маълумот дода наметавонанд.

“Дар баробари ин, хабар медиҳем, ки аз соли 2014 таҷрибаи фиристодани паноҳандагон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кишварҳои сеюм ба охир расид. Дар масъалаи кумак бошад, дақиқтар мегӯем, ки буҷети ташкилот имкон намедиҳад, ки ба ҳама кумак расонида шавад. Кумаки моддӣ танҳо ба камбизоаттаринҳо расонида мешавад”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маркази Раёсати СММ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.