Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон як қатор чорабиниҳо баргузор менамояд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Эътилоф, давоми 15 рӯз, оғоз аз 5-юми декабр, дар ноҳияҳои гуногуни шаҳри Душанбе овезаҳо бо забони тоҷикӣ, бо матни моддаҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дутоӣ шарҳи хизматчиёни давлативу ҳимоятгарони ҳуқуқ ба ҳар як кадоми онҳо насб карда хоҳанд шуд.
Эъломияи умумии ҳуқуқи башар 10-уми декабри соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабул карда шуд. Ин дар таърихи инсоният аввалин санади умумии байналмилалӣ-ҳуқуқӣ гардид, ки дар он ҳуқуқҳои асосӣ ва озодии инсон зикр ёфтаанд. Ҳуҷҷати мазкур инчунин миёни санадҳои умумии байналмилалие, ки соҳаи ҳуқуқи инсонро ба танзим медароранд, якум аст.
Эъломияи умумии ҳуқуқи башар соли 1948 дар Париж аз ҷониби гуруҳи намояндагони кишварҳои гуногун зери роҳбарии бонуи аввали ИМА Элеонор Рузвелт таҳия гардидааст. Эъломия бо мақсади пешгирии такрори нақзи ҳуқуқи инсон, ки дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳон рух дода буд, таҳия шудааст.
Ҳадафи эъломия руҳияи мубориза муқобили табъиз ба шумор меравад, бо ин бовар, ки ҳамаи одамон баробаранд ва ҳуқуқҳои баробар доранд.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон чорабинии зикргардидаро бо дастгирии молии Институти Ҷомеаи Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Раёсати Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Барномаи рушди СММ, Фонди Зигрид Раузинг ва Намояндагии ИА дар ҶТ баргузор менамояд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Тафтиши парвандаи Ҷамшед Зиёев дар Прокуратураи генералӣ дар арафаи анҷомёбист
Парлумон ифтитоҳи гузаргоҳи навро дар марз бо Ӯзбекистон маъқул шуморид
“Ориён Инвест” ва “Узагротехсаноатхолдинг” трактор истеҳсол мекунанд
Туркманистон ба тарки мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз қаламраваш иҷоза дод
Вохӯриҳои дӯстонаи мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб
Сабти ду заминларза дар Тоҷикистон дар фосилаи нуҳ дақиқа
Суғд: ҳукми 22 соли зиндон ба шаҳрванди Ӯзбекистон
Поин бурдани нарх, афзоиши ҳаҷм: рушди паррандапарварӣ дар Тоҷикистон
Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво
Дар Тоҷикистон дарахтони бодом шукуфон гаштанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста