Анонс

- Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Тоҷикистон даъвати панҷум тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» баррасӣ мешаванд;

- Кумитаи давлатии сармоягузорӣва идораи амволи давлатии ҶТ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2015 нишасти хабарӣ барпо мекунад. Оғоз соати 11-00;

- Нишасти хабарии раҳбарияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2015. Оғоз соати 09-00;

- Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар ҳамдастӣ бо Барномаи озмоишии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фондҳои сармоягузории иқлимӣ ба лоиҳаи маблағгузорӣ ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон - CLIMADART ҳусни оғоз мебахшанд.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8398 сомонӣ;

1 евро – 8.5689 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.10 28 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1929 – Ифтитоҳи Конфронси II-юми вилоятии Тоҷикистон, ки дар он нақшаи панҷсолаи якуми рушди хоҷагии халқи ҷумҳурӣ маъқул шуморида шуд.

2011 – Нахуствазир Оқил Оқилов дар бораи эҳёи шаҳраки нақбканони Шӯроб дастур дод.

1918 – Зодрӯзи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Тоҷихон Султонова.

1921 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Оиша Абдулазизова.

1918 — Мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тоҷихон Султонова.

1940 – Зодрӯзи доктори улуми иқтисод, собиқ нахуствазири Тоҷикистон Ҷамшед Каримов.

1943 – Мавлуди олим Абдусами Солиев.

1944 – Зодрӯзи шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон Шодӣ Саттор.

1949 – Мавлуди коргардон, Арбоби шоистаи фарҳанг Баҳриддин Сайфиддинов.

1952 – Зодрӯзи ҳуқуқшинос, арбоби давлатӣ, вакил Убайдулло Давлатов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -3+2.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +2+7.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -7-12, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -20-25, рӯзона -10-15.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона 0+5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -13-15, рӯзона -1-3.