То имрӯз мақолаҳои Википедияи тоҷикӣ ба 12 ҳазор наздик расидааст. Дар ин бора Иброҳим Рустамов, муассис ва муҳаррири сафҳаи тоҷикии Википедия хабар дод.

Мавсуф мегӯяд, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ саҳифаи тоҷикии Донишномаро наздик ба 490 ҳазор маротиба боз кардаанд.

Рустамов афзуд, ки барои ин хидматаш ҳазинаеро дарёфт намекунад ва ба хотири фарҳанги миллӣ ва хизмат ба мардуми тоҷик ин корро солҳо боз анҷом медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, Донишнома 6 корбари фаъол дошта, ҳамарӯза мақолаҳо вориди он мегарданд.

Дар ин Донишнома зиндагиномаи шахсиятҳои бузурги илму адаб ва ҳунару фарҳанг, ба мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Лоиқ Шералӣ, Ҳошим Гадо ва даҳҳо фарҳехтагони дигар ҷой дода шудааст. Вале мақолаҳои соҳавӣ кам ба назар мерасанд.

Қобили зикр аст, ки Донишномаи озоди электронӣ бо 286 забон пахш мешавад ва соли 2006 ба он забони тоҷикӣ ҳам илова карда шуд. Аз ин Донишнома ҳар шахс метавонад маълумоти зарурӣ ва илмиро пайдо намояд ва ҳамзамон матолиби худро ба он ворид созад.

  (Дар акс Иброҳим Рустамов бо мудири кулли Википедиа Jimbo Wales)