Дар Олмон 11 нафарро, ки ба гумони иртибот бо созмони террористӣ боздошт шуда буданд, ҷавоб доданд Аксари ин нафарон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Дар ин бора АИ Фергана ба Bild истинод меорад.

Боздоштҳо рӯзи 29 март дар Дюсселдорф, Эссен ва баъзе шаҳрҳои дигар сурат гирифтанд. Онҳо аз ҷониби воҳиди таъминоти махсуси пулис гузаронида шудаанд. Сабаби боздошт, тибқи маълумоти Deutsche Welle, ҳодиса дар Эссен шудааст, ки дар он ронандаи 19-сола аз Тоҷикистон бо суръати баланд ба роҳи пиёдгарард баромадааст (ҳеҷ касе осеб надида, ронанда боздошт ва ҳолатҳои ҳодисаро айни замон мақомоти пулис таҳқиқ мекунад).

Дар ҷараёни амалиёти баъдина 11 нафар – 9 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамчунин шаҳрвандони Туркия ва Олмон боздошт шудаанд.

Дар ҷараёни кофтуков аз шахсони муваққатан боздоштшуда на маводи тарканда дарёфт шудаасту на аслиҳа, лекин вобаста ба гумонбарӣ ҷиҳати омодагӣ ба содир намудани “ҷинояти ҷиддии зиддидавлатӣ” тафтишот идома дорад.

Далелҳои робита доштани ин одамон бо ронанда аз Тоҷикистон мавҷуд нест. Дар ҳамин ҳол, чанде аз онҳо дар алоқа доштан бо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ва омодагӣ ба содир намудани “ҷинояти ҷиддии зиддидавлатӣ” гумонбар дониста мешаванд.

Манбаъҳои “Ахбор” дар диаспораи тоҷикон дар Олмон хабар додаанд, ки тибқи маълумоти онҳо, боздоштшудаҳо пайравони ҷараёни фаъолияташ дар Тоҷикистон низ манъшудаи Салафия мебошанд.

Бино ба арзёбии коршиносон дар соҳаи амният, ки Deutsche Welle онҳоро зикр кардааст, дар қаламрави кишвар садҳо “ҷиҳодиёни қодир ба содир намудани ҷиноятҳои ҷиддӣ” ҳузур доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.