Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз оғози соли 2016 то 1 сентябр  151 шаҳрванди кишварро, ки ба терроризму ифротгароӣ муттаҳам дониста мешуданд, ба Тоҷикистон баргардонидаанд.

Ин афрод аъзои фаъоли созмонҳои террористии «Давлати исломӣ» (133 нафар), «Ҷамоати ансоруллоҳ» (5 нафар), «Гурӯҳи Назарзода» (4 нафар), «Ҳизб-ут-Таҳрир» , «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Салафия», «Гурӯҳи 24», «Ҷамоати таблиғ» ва дигар созмонҳои муташаккили ҷиноӣ будаанд.

Зимни суханронии ифтитоҳӣ дар вохӯрӣ дар мавзӯи «Ҷангҷӯёни террористии хориҷӣ: таҳдидҳо ва масъулиятҳо», ки дар доираи лоиҳаи «Калкан»-и Ташкилоти байналмилалии полиси зидди ҷиноятӣ (Интерпол) дар Душанбе ҷараён дорад, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар ин хусус маълумот дод.

«Дар натиҷаи тадбирҳои кормандони милитсия дар ин давра 75 нафар тоҷикистониёни ба гуноҳашон иқроршуда ба ватан баргаштанд, ки ихтиёрӣ аз иштироки минбаъда дар низоъҳои мусалалҳона даст кашиданд», - гуфт ӯ.

Ба иттилои вазир, ин шахсон аз Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия ва Сурия ба ватан баргашта, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда шудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин вохӯрӣ рӯзи 19 сентябр ба кор шурӯъ намуда, дар он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи 13 кишвари дунё иштирок доштанд. Ҳадаф аз лоиҳаи мазкур муборизаи якҷояи кишварҳои аъзои Интерпол аз минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ мебошад.