Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков имрӯз бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Сафар бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.

Сафари расмии Жээнбеков, ки моҳи октябри соли гузашта президенти ин кишвар интихоб шуд, нахустин сафари сарвари давлати хориҷӣ соли равон ба Тоҷикистон аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни сафар Сооронбой Жээнбеков бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шахсони расмии воломақоми ҳукумати ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид мекунад.

Дар ин дидору гуфтушунидҳо масоили ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, амният, энергетика, нақлиёт, амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ бар асоси дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байнулмилалӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ ва СААД мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Бино ба маълумоти Акипресс, дар гуфтушунидҳо ба масъалаҳои анҷоми аломатгузорӣ ва таъйири марзи давлатии кишварҳо, ҷараёни амалисозии лоиҳаи CASA-1000, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.