Ду сокини шаҳри Душанбе ва як сокини шаҳри Ҳисор, ки аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон ба иттиҳоми ифротгароӣ ва иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷи кишвар мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, баъди чандин суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо наздикони онҳо ба ватан баргаштанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни суҳбатҳо ба наздикони онҳо шарҳ дода шуд, ки шаҳрвандоне, ки бо сабаби гумроҳӣ ба сафи ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ шомил гардида, бо мақсади паноҳ бурдан аз ҷазои ҷиноятӣ дар кишварҳои хориҷӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд, агар аз кирдорҳои қаблан содирнамудаи худ сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, бо хоҳиши худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳозир шаванд, дар ҳолати набудани дигар аломатҳои таркиби ҷиноят дар кирдорҳои онҳо, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Гуфта мешавад, баъди суҳбат дар мақомоти корҳо дохилӣ онҳо озод шуда, айни ҳол дар ҳузури хонавода, хешу табор, падару модар ва ҳамсару фарзандонашон қарор доранд.

Инҳо сокини 54-солаи шаҳри Душанбе Назрӣ Маҳмудов, сокини 34-солаи шаҳри Ҳисор Олимҷон Ҷобиров ва сокини 49-солаи шаҳри Душанбе Бахтиёр Қосимов мебошанд, ки ахирӣ бо ҳамсар ва се фарзанди ноболиғаш ба ватан баргашт.

Зимнан зикр мегардад, ки давомии 10 моҳи соли ҷорӣ танҳо аз ҷониби милитсияи пойтахт 10 нафар сокинони шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар, ки дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, бо изҳори пушаймонӣ ва бо хоҳиши худ ба Ватан баргардонида шуда, дар фазои орому осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва назди хешу табор ва аҳлу пайвандони худ зиндагии оромро пеш бурда истодаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.