Суди шаҳри Хуҷанд, имрӯз рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Муовини раиси суди шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон раисикунандаи ин мурофиа Ҷӯрахон Раҳмон изҳор намуд, ки агар Мирсаидов зиёни ба давлат расонидааш дар ҳаҷми 123 ҳазору 913 сомониро бармегардонд, аз ҳукми зиндон халос мешуд, лекин ба ҳар ҳол, ба Мирсаидов лозим меояд, ки ин маблағро ба давлат пардохт намояд.
Хайрулло Мирсаидов аз рӯи ҳамаи айбномаҳои пешниҳодшуда - азхудкунӣ ё камомади воситаҳои давлатӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва дидаву дониста маълумоти бардурӯғ додан гунаҳкор эътироф гардид.
«12 сол ҷазои хеле сангин аст ва мо ният дорем, ки аз болои ин ҳукми суд ба зинаи болоӣ шикоят барем», - изҳор дошт ба «Азия-Плюс» Дилафрӯз Самадова, адвокати Мирсаидов.
Ӯ ҳамчунн қайд кард, ки суд дар ҳеҷ яке аз айбномаҳои пешниҳодшуда гуноҳи Хайрулло Мирсаидовро исбот накард.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Саттор Турсун: “Миллате, ки китобхон нест, ояндаи он норӯшан аст”
Нашрияи ӯзбекзабони “Халқ овози” 90-сола шуд
Ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун имсол аз буҷет 222 млн. доллар ҷудо мешавад
Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 19 нафар ронандагонро ба макони бехавф интиқол доданд
Имсол ба шахсони воқеӣ истихроҷи тилло иҷоза мешавад
Сокини Истаравшан келини худро бо табар кушт
Саҳмдорони “Сангтӯда”-ро лозим меояд, ки каме сабр кунанд
Имсол дар Душанбе Наврӯз аввалин маротиба бо карнавали идона таҷлил мегардад
Рустами Эмомалӣ супориш дод, то мактаббачагонро барои боздид ба қисмҳои ҳарбӣ баранд
Ҳукми 30 соли зиндон ба сокини Хатлон барои омодагӣ ба таркиш дар пойгоҳи низомии Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста