Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба гумони даст доштан ба қасди интиқоли сиккаи дорои арзиши таърихию фарҳангӣ ба хориҷи кишвар як мусофири хатсайри ҳавоии “Хуҷанд-Маскав”-ро боздошт намуд.

 


Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҶТ, ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии хатсайри №960 самти «Хуҷанд-Москва» бағоҷи дастии шаҳрванд Д.Н. аз назорати гумрукӣ гузаронида шуд.

Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили сумкачаи мардонаи чармини рангаш сиёҳ як адад сикка (танга)-и рангаш нуқрагин бо навиштаҷоти дар тарафи аввалин «Б.М. Павел II М II И Само Д-Все Росс», дар тарафи дуюм «Моната рубл 1796 года» дарёфт ва гирифта шуд, ки номбурда мехост, онро ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи таърихии фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сиккаи нуқраранги барои ташхис пешниҳодгардида дорои арзишҳои таърихию фарҳангӣ дохил мешавад, ки бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдор интиқоли онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ мебошад.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбати шаҳрванд Д.Н. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3-289 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд исрол карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.