Диловар Шералиев, писари собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ, барои риоя накардани қоидаҳои сиёҳу тира кардан (тонировка)-и шишаҳои автомобил ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ахири даҳаи аввали моҳи август дар ҷараёни рейди кормадони Раёсати БДА дар қаламрави шаҳри Душанбе автомашинаи Д.Шералиев боздошт шудааст.

«Шишаи пеши автомашинаи Д.Шералиев пурра сиёҳу тира шуда буд ва ин ҳам дар ҳолест, ки мутобиқи қонун, сиёҳу тира кардани ҳамагӣ 20 сантиметр аз ҳаҷми умумӣ иҷозат дода шудааст», - гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, баъди ин автомашина ба майдони ҷаримагоҳи БДА оварда шуда, баъди як соат гунаҳкор дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт ва таҳти баёноти хаттӣ дар бораи баратараф кардани камбудиҳо дар масъалаи сиёҳу тира кардани шишаҳои автомашина, воситаи нақлиёташро гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, маълумоти чанде аз ВАО дар бораи барои майдаавбошӣ ба ҳабс гирифта шудани писари собиқ вазири энергетикаро манбаъ рад кард.