Дар шаҳри Хуҷанд корҳои таъмиру азнавсозии боғи фарҳангу фаро номи Камоли Хуҷандӣ босуръат идома доранд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, алҳол бо қувваи беш аз 70 нафар устоҳо ба се адад айвон таҳкурсӣ гузошта ва сутунҳояш бардошта шуда ба гузоштани сутунҳои кандакорӣ омода аст.

Ба иттилои масъулин мақбараи Камол низ бардошта шуда, бомпӯшкунии он, ҳамчунин бо сангҳои кӯҳҳои Тоҷикистон оро додани фарши он идома дорад.

Гуфта мешавад, бо ҳунари дастони устоҳо аз ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва шаҳри Исфара кандакорӣ ва нақшу нигори ҳуҷраҳои ҳудуди боғ анҷом дода шуда истодаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳудуди боғ дар 3 гектар сабзазор (газон) бунёд ва бештар аз 100 ҳазор бех гул ва 1000 бех дарахтони ороишӣ аз гӯшаву канори кишварамон оварда шинонда хоҳанд шуд.