Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон расман эълон кард, ки ба сифати номзади ягона аз мухолифин ба интихоботи президентӣ ҳомии ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназароваро пешбарӣ мекунад.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ зимни конфронси матбуотӣ изҳор намуд, ки эътилоф номзадии ҳашт нафарро баррасӣ карда, ба чунин хулоса расидааст.

«Номзадии ҳар кадоме аз онҳоро мо муддати тӯлонӣ баррасӣ кардем ва дар ниҳояти кор ҳама якдилон ба ҷонибдории Бобоназарова овоз додем», - иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки миёни дигарон номзадии Муҳиддин Кабирӣ, Раҳматилло Зойиров, Маҳмудҷон Қосимов, Ҳоҷмуҳаммад Умаров, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода низ баррасӣ шуданд.

Дар набвати худ Раҳматилло Зойиров дар ин робита зикр кард, ки сиёсат ҳунару имконот аст. «Ин масъаларо мо ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор дода, баъзан ба эҳосот дода мешудем. Айни замон ба чунин хулоса расидем, ки на барои иштирок, балки барои пирӯзӣ ва нишон додани мавҷуд будани ҳарифон рақобат кардан зарур аст. Дар ин робита мо ба сифати номзади ягона Бобоназароваро пешбарӣ мекунем. Номзадии худро ман бозпас гирифтам», - иброз дошт Зойиров.

Ойниҳол Бобоназарова изҳор кард, ки ҳатто наздиконаш ба ин қарори ӯ мувофиқ нестанд. «Аммо ба ҳар ҳол, ман тасмим гирифтам, ки номзади ягона мешавам ва барои ҳуқуқ ва демократия дар Тоҷикистон мубориза мекунам», - гуфт ӯ.

М.Кабирӣ аз тамоми шахсоне, ки аз ӯ интизориҳои зиёд доштанд, маъзарат хост. «Ҳар кадоме аз эътилоф орзуи худро дошт ва мо онҳоро мефаҳмем. Ҳар кадоме тағйирот пас аз интихоботро дидан мехоҳад. Аммо агар ҳамаи мо андешаи ягона медоштем, пас ҳизбҳои гуногунро таъсис намедодем», - зикр кард Кабирӣ.

Ҳамчунин ӯ таъкид дошт, ки айни замон барои интиқод аз ҲНИТ фурсати хуб аст, вале аз ҳозирин даъват кард, ки пас аз як ҳафта атрофи номзади ягона муттаҳид шаванд. «Мо тамоми интиқоди пешинаро сабр кардем ва минбаъд низ таҳаммул хоҳем кард. Вале феълан дархост мекунем, ки пас аз 10 рӯз барои ваҳдат ва рушди минбаъдаи кишвар атрофи номзади ягона мутттахид шудан зарур аст», - афзуд раиси ҲНИТ.

Ахири солҳои 80-уми асри гузашта Ойниҳол Бобоназарова яке аз фаъолони таъсиси Ҳизби демократии Тоҷикистон буд. Соли 1993 ӯ ба иттиҳоми тайёрӣ ба табаддулоти давлатӣ ва хиёнат ба Ватан ба ҳабс гирифта шуд.

Пас аз озод шудан ӯ ба фаъолияти худ ҳамчун ҳомии ҳуқуқ идома бахшида, беш аз 10 сол ба сифати мушовири ҳуқуқи инсон дар дафтари кории САҲА дар Душанбе ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ фаъолият кард.

Тайи чанд соли ахир Ойниҳол Бобоназарова иттиҳодияи ҷамъиятии «Перспектива+»-ро сарварӣ мекунад, ки ба мониторинги вазъ дар зиндонҳо, мубориза бо шиканҷа, ҳимоят аз ҳуқуқҳои занон ва муҳоҷирони корӣ машғул аст.