Дар оилаи овозхони маъруфи тоҷик Нозияи Кароматулло рӯзи 7 декабр тифли навзод - духтарчаи дӯстрӯе ба дунё омад, ки вазнаш 3,2 кило ва қадаш 52 сантиметр аст.

Бино ба гуфтаи наздикони Нозия, модару духтарча худро хуб ҳис намуда, тифл ором будааст. Оилаи хушбахт алҳол барои номгузорӣ ба ин тифл ба як хулосае нарасида, номи дилнавозу зебоеро интихоб карданианд, зеро номи шахс дар тақдири минбаъдаи ӯ нақши муҳим мебозад.

Дар бораи ба саҳна рӯ овардан Нозия алҳол фикре надорад ва ин табиист, чунки ӯ танҳо акнун аз меҳри модарӣ баҳра мебарад. «Албатта, бо гузашти вақти муайян ҳаводорони истеъдоду эҷоди Нозияи Кароматулло боз ӯро рӯи саҳна истиқбол гирифта, аз созу навояш болида хоҳанд гашт», - гуфтанд наздикони ӯ.

Нозияи Кароматулло, духтари овозхони саршиноси тоҷик Кароматуллои Қурбон мебошад, ки 18 октябри соли 1992 ба таври фоҷеавӣ ҳалок шуд. Нозия 7 феврали соли 1988 дар Душанбе таваллуд шуда, соли 2005 мактаби мусиқии ба номи Малика Собироваро хатм кардааст. Сипас дар шаҳри Деҳли ба курси академии дипломӣ оид ба вокал ва рақс дохил шуда, соли 2007 дар озмуни рақси классикии «Катак» дар Ҳиндустон ғолиб дониста шуд.

Соли 2010 Нозия Консерваторияи Ҳиндустонро бо дипломи сурх хатм намуда, ҳамон сол нахустин барномаи консертии худро ба тамошобинон пешкаш кард. Таронаи «Дидаи дил»-и Нозия мавриди писанди мардум ва ба ӯ шуҳрат овард. Имрӯз аксари таронаҳои Нозия мақбулу ҳаводорони зиёд дошта, вирди забон аст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта Нозияи Кароматулло издивоҷ намуда, вале то ҳол ному насаби ҳамсари ӯ барои аксарият номаълуму махфӣ нигоҳ дошта мешавад.