Гумрукчиёни тоҷик аз воридоти беш аз 23 тонна пӯсти мурғи вайроншуда ва муҳлати истифодааш гузашта дар марз ҷилавгирӣ намуданд, ки он барои истеҳсоли ҳасиб ва дигар маводи ғизойӣ пешбинӣ шуда буд.

Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳи Ғоиб зимни нишасти хабарӣ ба журналистон дар ин робита изҳор дошт, ки соҳибкор ин борро ҳамчун маҳлули глюкоза ба ҷумҳурӣ ворид карданӣ будааст.

«Аммо ҳангоми азназаргузаронии бор зиёда аз 23 ҳазор тонна пӯсти мурғ дарёфт шуд, ки баъдтар маълум шуд дар истеҳсоли ҳасиб дар коргоҳҳо ва котлету сихкабоби мурғӣ дар қаҳвахонаву тарабхонаҳо истифода бурданӣ буданд», - иброз дошт ӯ.

Роҳбари Хадамоти гумрук қайд кард, ки ин мол «ба ҷуз ахлоти заҳролуд, чизи дигаре набуда», аз Эрон дастрас шудааст ва дар он ҷо пӯсти мурғ дар саноати хӯрокворӣ истифода намешавад. «Нисбати соҳибкоре, ки ин маҳсулотро ба ҷумҳурӣ ворид карданӣ буд, тадбирҳо андешида мешаванд», - афзуд А.Ғоиб.

Ба тасдиқи мутахассисон, пӯсти мурғ ба мисли пӯсти дигар паррандагон аз миқдори зиёди чарбу (равған) ва дар таркиби он маводи хатарнок ба солимии инсон иборат аст.