Бонки осиёгии рушд ба як муддати номуайян аз дастгирии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон ба иллати ноамнии вазъ дар қаламрави Афғонистон худдорӣ меварзад.

Намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си.Си.Ю. зимни брифинги имрӯза дар Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон масъалаи таъмини амният дар Афғонистон дар сати хеле паст қарор дорад. «Ҳарчанд Туркманистон сохтмони қитъаи роҳи худро ба итмом расонида бошад ҳам, мо дар қаламраве, ки таъмини амнияташ кафолат дода намешавад, хоҳиши сохани роҳи оҳанро надорем. Ин хеле ва хеле хавфу хатарҳо дорад», - иброз дошт намояндаи бонк.

Ғайр аз ин, таъкид дошт С.Си.Ю., шохаи асосии ин роҳи оҳан тариқи қаламрави Афғонистон мегузарад ва мутаносибан барои сохтмони он дар ин кишвар бояд захираҳои муайяне вуҷуд дошта бошад, «вале айни замон ин захираҳо нокофианд».

Ӯ изҳор намуд, ки маблағҳои ба ин лоиҳ сармоягузоримешуда ба дигар чорабиниҳо равона мегарданд. «Вақте вазъ дар маҷмӯъ рӯ ба беҳбудӣ ниҳад, мо шояд ба ин лоиҳа баргардем», - илова кард номбурда.

Қобили зикр аст, ки қаблан БОР барои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаи ин роҳи оҳани оянда 9 млн. доллари ИМА воистаҳои грантӣ ҷудо карда буд.

Ёддошт дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон моҳи марти соли 2013 аз ҷониби сарони ин се кишвар ба имзо расид. Маблағгузорӣ ба амалисозии лоиҳаро Бонки осиёгии рушд амалӣ карданист.