Шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон акнун метавонанд ба истироҳатгоҳ, осоишгоҳу шифохона ва марказҳои солимӣ барои кӯдакон дар кишварҳои ҳамдигар бидуни ягон монеъа роҳхат гиранд.

Охири ҳафтаи гузашта зимни сафари кории ҳайати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба Тошканд дар ин хусус тавофуқ ҳосил шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини раиси Федератсияи мазкур Исмоил Файзизода.

Бино ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар осоишгоҳу шифохонаҳои Ӯзбекистон истироҳат ё табобат гиифтанианд, метавонанд дар намояндагиҳои Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ роҳхат харидорӣ намоянд. Барои шаҳрвандони кишвари ҳамсоя низ чунин тартибот пешбинӣ шудааст: роҳхатҳоро ба осоишгоҳу шифохонаҳои Тоҷикистон онҳо аз худи Ӯзбекистон дастрас карда метавонанд.

Ғайр аз ин, иттифоқҳои касабаи ҳарду кишвар созиш ҳосил намуданд, ки шурӯъ аз тобистони соли оянда кӯдакону наврасони Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонанд таътили худро дар лагерҳои солимгардонии ҳарду кишвар гузаронанд.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид дар Тошканд иттифоқҳои касабаи кишварҳо дар мавриди рушди муносибатҳо байни иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, аз ҷумла иттифоқҳои касабаи кормандони тиббӣ, маориф ва металлургия низ созиш ҳосил карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.