АНОНС

- Дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе шоми эҷодии рассом ва овозхон Ирина Дмитриева-Ванн баргузор мешавад;

- Дар даври 3-юми марҳилаи аввали интихобии мусобиқаи футболи Олипмпиада-2020 дар гурӯҳи “А” мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон бо дастаи Филиппин бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 16:00 дар Варзишгоҳи Ҳисор доир мегардад;

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.4209 сомонӣ;

1 евро – 10.8303 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1425 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2006 — Дар ҷумҳурӣ «Бонки рушди Тоҷикистон» ба фаъолият шурӯъ кард.

2016 — Дар Тоҷикистон барои таҳқири ошкору умумии Пешвои миллат ва туҳмат нисбати ӯ ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ шуд.

1930 – Зодрӯзи олими адабиётшинос Аслиддин Қамаров.

1940 – Мавлуди Корманди шоистаи саноати Тоҷикистон Тоҳир Бобоев.

1949 – Зодрӯзи корманди низомӣ, cобиқ вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев.

1961 – Мавлуди гӯштингир Абдусамад Шамсуллоев.

1967 – Зодрӯзи журналист Умед Сатторов.

1968 – Мавлуди олима Тоҷинисо Маҳмадова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +2+7.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +8+13.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2+3, рӯзона +7+12; дар шарқ шабона 8-13, рӯзона -4+1.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +4+9.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон борида, рӯзона бебориш аст.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +13+15.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад (шабона барфи тар).

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +8+10.