АНОНС

- Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Рӯзи театри тоҷик ва 80-солагии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, композитор Фаттоҳ Одина таҷлил карда мешавад. Оғоз соати 17:00;

- Бозиҳои даври 20-уми мусобиқаи Лигаи олии футбол баргузор мешаванд: “Панҷшер” – “Барқчӣ; “Истиқлол” – КМВА “Помир”; “Хатлон” – “Хуҷанд”; “Кӯктош” – “Регар-ТадАЗ”. Оғози бозиҳо соати 14:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.4207 сомонӣ;

1 евро – 10.7132 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1417 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи театри тоҷик

1929 – Ифтитоҳи нахустин театри касбии тоҷик – феълан Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.

1929 – Комбинати полиграфии Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд.

1937 – Ифтитоҳи Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский дар Тоҷикистон.

1959 – Студияи телевизиони Душанбе ба фаъолият оғоз кард.

2001 – Дар Душанбе маросими ифтитоҳи расмии намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Фаронса дар ҶТ баргузор шуд.

1414-1492 – Зодрӯзи шоир ва олим Абдураҳмони Ҷомӣ.

1917-1997 – Мавлуди олими фолклошинос, шоир, профессор Воҳид Асрорӣ.

1917-1995 – Зодрӯзи рӯзноманигор Назаршо Исломов.

1930 – Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон  Муслима Боқиева.

1933 – Зодрӯзи ҷуғрофишинос Ҷунайдулло Исматов.

1934 – Мавлуди олими файласуф, директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ, академик Мӯсо Диноршоев.

1937 – Зодрӯзи актёр ва коргардон Ҳабибулло Абдураззоқов.

1940 – Мавлуди шоир ва арбоби давлатӣ Усмон Назир (Оташ).

1950 – Зодрӯзи диктор Абдурашид Хӯҷамқулов.

1951 – Мавлуди нависанда Абдурофеъ Рабиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +3+8.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +6+11.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3+2, рӯзона +7+12; дар шарқ шабона -9-14, рӯзона -1+4.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +16+18.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +9+11.