АНОНС

- Дар Хоруғ бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими расмии ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ доир мегардад;

- Дар Варзишгоҳи марказии Душанбе таҳти унвони “Кино зери осмони фарогир (инклюзивӣ)” чорабинӣ доир гардида, филми “А я в душе танцую” (оғоз соати 19:00) намоиш дода мешавад. Арзиши билет – 20 сомонӣ.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.4224 сомонӣ;

1 евро – 11.0101 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1378 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1989 — Таъсиси ҳаракати ҷамъиятии «Растохез»

2006 — Бонки давлатии Чин барои рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 млн. доллари ИМА қарз ҷудо кард.

1977 – Зодрӯзи олими соҳаи тиб, ҷарроҳ Музаффар Набиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +15+20.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +25+30.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +19+24; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +11+16.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +20+25.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +30+32.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +22+24.