Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар бораи омодагиии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистон ҳисобот дода мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, бо қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 24 сентябри соли 2018 баргузор мешавад.

Дар иҷлосия ҳисоботи муовини якум, муовинони раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 дар шаҳри Душанбе шунида мешавад.

Муовини раиси пойтахт Мавсума Муинӣ дар бораи масъалаи вазъи рушди сайёҳӣ дар пойтахти кишвар ҳисобот медиҳад.

Ба ҳамаи вакилон супориш дода шуд, ки аз 14 то 22 сентябр дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия пешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.