АНОНС

- Идомаи сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.4226 сомонӣ;

1 евро – 10.9227 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1358 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи мелиораторон

1932 – Канали магистралии Вахш мавриди истифода қарор гирифт.

2016 — Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба ифтихори собиқи раиси Иттиҳод Акбаралӣ Саттор, ки муддати 10 сол ба ин ташкилот роҳбарӣ кард, медали «Акбари Саттор» таъсис дод.

1929 – Зодрӯзи доктори улуми филологӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон профессор Ҷонон Бобокалонова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +18+23.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +26+31.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +5+10, рӯзона +20+25; дар шарқ шабона 0-5, рӯзона +10+15.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +22+27.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +29+31.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +26+28.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +33+35.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +21+23.