Раёсати ВКД Русия дар вилояти Тюмен аз боздошти автобус бо 57 нафар муҳоҷирони кории тоҷик хабар медиҳад, ки бо анҷоми мавсими корӣ аз Русия ба ватан бармегаштанд.

Кормандони пулис зимни рейди навбатӣ оид ба пешгирии қонуншиканиҳо дар бахши муҳоҷират автобусро боздошт намудаанд.

Зимни санҷиши ҳуҷҷатҳо маълум шудааст, ки аз 57 нафар шаҳрвандони хориҷӣ 37 нафарашон қонунгузории муҳоҷиратро риоя накарда, барои ҳузури қонунӣ дар қаламрави Русия ҳуҷҷати дахлдор надоштаанд, вале муддати чандин моҳ дар маркази вилоят машғули кор будаанд. иттилоъ медиҳад портали “Новый день”-и Тюмен.

Нисбати мусофирони автобус мутобиқи моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия (Вайрон кардани реҷаи будубош дар Русия аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ) 49 санади маъмурӣ тартиб дода шуда, 5 нафар аз қаламрави Русия ихроҷ карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.