АНОНС

Нишастҳои матбуотии Вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳои кишвар оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018:

- Нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм (ҳамроҳ бо МД «Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо») соати 9 дар толори ММҶ «Ховар»;

- Нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовар соати 9:30 дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовар;

- Нишасти матбуотии КВД «Тоҷиксуғурта» соати 10 дар бинои КВД «Тоҷиксуғурта»;

- Нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ соати 11 дар бинои кумитаи мазкур;

- Нишасти матбуотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соати 9 дар бинои Донишгоҳи мазкур.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.4200 сомонӣ;

1 евро – 10.9281 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1483 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии шоҳмот.

1924 – Таъсиси Федератсияи байнулмилалии шоҳмот – FIDE.

1944 — Суиқасди ноком ба ҷони Адолф Гитлер.

1976 – Дар сатҳи болоии Марс нахустин таҳқиқот гузаронида шуд.

2013 — Дар ноҳияи Шаҳринав корхонаи нави коркарди нафт ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр ба истифода дода шуд.

1928-2010 – Зодрӯзи олими адабиётшинос Алиқул Девонақулов.

1936 – Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хуршед Алидодов.

1937 – Зодрӯзи луғатшинос Аҳмадҷон Сангинов.

1941 – Мавлуди овозхон Саломат Қобилова.

1941 – Зодрӯзи Ҳамид Отахонов, сарпарасти нахустини тоҷик, раиси фахрии Раёсати Иттиҳоди иҷтимоӣ-экологии Тоҷикистон.

1947 – Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Рустамбек Ботуров.

1951- Зодрӯзи Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷумъахон Футуров.

1954 – Мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Неъматов.

1956-2013 – Зодрӯзи муҳаққиқи журналистикаи тоҷик Пайванди Гулмурод.

1959 – Мавлуди овозхон Дилбар Сулаймонова

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +38+43; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +39+44; дар доманакӯҳҳо шабона +18+23, рӯзона +33+38.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +14+19, рӯзона +31+36; дар шарқ шабона +7+12, рӯзона +19+24.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +37+42; дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +30+35.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +40+42.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +24+26, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +41+43.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +32+34.