АНОНС

- Дар дафтари кории Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе маросими муаррифии гузориш оид ба рушди иқтисодии Тоҷикистон «Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳити тағйирёбандаи минтақавӣ: манфиат ба даст овардан муҳим аст» баргузор мешавад. Оғоз соати 11:00;

- Дар меҳмонхонаи «Serena Dushanbe» тамошои филми ғолиби фестивали «Снять за 49 часов» (Дар 48 соат наворбардорӣ кардан) доир мегардад. Оғоз соати 19:30.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.4200 сомонӣ;

1 евро – 11.0016 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1514 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1930 – Дар Монтевидео маросими ифтитоҳи мусобиқоти аввалини Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол баргузор шуд.

1962 – Сохта шудани нахустин трактори чархадори К-700 «Кировец».

1993 — Гурӯҳи сершумори ҷангиёни мухолифини тоҷик, ки дар Афғонистон қарор доштанд, ба бошишгоҳи дастаи 12-уми Гурӯҳи марзбонии Маскав (феълан дастаи ба номи 25 қаҳрамони дастаи сарҳадбонии Шӯрообод) ҳамла карданд.

1925 – Зодрӯзи овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Куинова.

1931 – Мавлуди нависанда Басир Расо.

1941 – Зодрӯзи коргардони кино Бақо Содиқов.

1960 – Мавлуди сароянда Раҳматулло Ҳошимов.

1972 – Зодрӯзи оҳангсоз Равшан Баротов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +37+42; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +23+28.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +37+42; дар доманакӯҳҳо шабона +17+22, рӯзона +32+36.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар шарқи вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +12+17, рӯзона +28+33; дар шарқ шабона +4+9, рӯзона +15+20.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +35+40; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +27+32.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +37+39.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +29+31.