Раиси вилояти Суғд дар бораи тасдиқи “Барномаи сохтмон ва таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд барои солҳои 2018-2020” қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоятиСуғд, барнома бо мақсади рушди соҳаи фарҳанг ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи мутахассисон қабул гардида, дар доираи он як қатор муассисаҳои фарҳангӣ бунёд ва таъмир карда мешаванд.

Гуфта мешавад, тибқи қарори мазкур Раёсати фарҳанги вилоят, Идораи сохтмони асосии вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон дар вилоят 355 китобхона, 135 муассисаи клубӣ, 7 клуби сайёр, 94 қаср, кох ва хонаҳои фарҳанг, 16 осорхонаи шаҳриву ноҳиявӣ, 6 хона-музей, 2 маҷмааи фарҳангӣ, 1 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 21 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 5 театри халқӣ, 7 театри касбӣ, 4 ансамбли тарона ва рақс, 2 филармонияи халқӣ, 29 мактаби бачагонаи санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, 11 ансамбли “Шашмақом”, 1 гуруҳи ҳаҷвӣ, 5 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 2 ансамбли “Фалак”, 1 ансамбли дойранавозон ва 1 ансамбли карнайнавозон фаъолият мебаранд.