АНОНС

- Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Оила ҳамчун шарик дар барномаҳои кумаки барвақтӣ» ҷаласаи корӣ доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.9713 сомонӣ;

1 евро – 10.5691 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1437 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2003 – Шабакаи радиои «Азия-Плюс» таҳти сарпарастии президенти ҷумҳурӣ маросими нахустини тақдими Ҷоизаҳо дар соҳаи мусиқии муосир – «Суруди сол-2003»-ро баргузор намуд.

2012 — Парлумон ба Кодекси андози ҶТ тағйироту иловаи марбут ба бекор кардани ААИ аз хизматгузориҳои аэронавигатсиониро ворид кард.

2017 — Аъзои ҳукумати Тоҷикистонро ба пур кардани эъломия дар бораи даромадҳо уҳдадор карданд: вакилон ба қонун «Дар бораи ҳукумати Тоҷикистон» тағйироту иловаҳо ворид намуданд.

1934 – Зодрӯзи шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон Ӯлмас Ҷамол.

1948 – Мавлуди сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Низом Ҳамробоев.

1964 – Зодрӯзи нависанда ва драматург Тоҳири Муҳаммадризо.

1973 — Мавлуди журналист Хуршед Андамов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +23+28; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +6+11.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +20+25; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +13+18.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ғарб борони кӯтоҳмуддат, дар шарқ (боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +16+21; дар шарқ шабона 0-5, рӯзона +9+14.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.  

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +15+20.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +22+24.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +25+27.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +20+22.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +18+20.