Агар тамоми ин муддат гумон доштед, ки миёни ҷавонон ҳозир ҳунарҳое ба мисли боди-арт, декупаж ё пэчворк маъруфанд, пас сахт ба иштибоҳ афтодаед.

Аққалан бо ин сабаб, ки ба гунаи мисол дар ҳамсоякишвари Ӯзбекистон ҷавони зиёде ба хаттотӣ дил бастаанд, ки ҳамеша касби қадимаву чанде фаромӯшшуда маҳсуб меёфт.

Дар гузориши нави лоиҳаи «Салом, соседи!» (Салом, ҳамсояҳо!) хаттоти шинохта Абдуҷалил Эргашев перомуни муҳим будани хушнависӣ (хати зебо) ва айни замон дар кадом самтҳо истифода шудани он дар Ӯзбекистон маълумот медиҳад.

Қобили зикр аст, ки ин навъи ҳунар беш аз 2000 тарзу усул дошта, бештар маъруфашон айни замон хатҳои куфӣ, сулсӣ ва настаълиқ мебошанд.

Агар шумо ҳам чизе гуфтаниву намоиш доданӣ бошед, пас бо суроғаҳои зерин бо мо дар тамос шавед: newspaper@asiaplus.tjnewspaper@asiaplus.tj ва k.mahpora@gmail.com.

Ҳамчунин лоиҳаи «Салом, соседи!» ҳамтоёни тоҷику ӯзбекро ба ҳамкорӣ даъват мекунад - сюжетҳоятонро ирсол намоед, қаҳрамонҳои нав ва мавзӯъ барои гузоришҳои тозаро, ки барои ҳамсояҳо шавқовар буда метавонанд, пешниҳод кунед!

Ҳадафи роҳандозии лоиҳаи мо хеле оддист - кумак ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои боз ҳам бештар фаҳмидану наздиктар шудан ба ҳамдигар. Аз ин рӯ, гузориши аввали мо ба коғази самарқандӣ ва минбаъдааш ба симои беназири тоҷикон аз нигоҳи дастгоҳи суратгирии мусаввир ва аксбардор Аниса Собирӣ рабт дошт.

Салом, ҳамсояҳо хонаободу саодатманд бошед!

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.