Нақшаи якҷоя оид ба амалисозии «Барномаи рушди сайёҳии кишварҳои узви СҲШ барои давраи солҳои 2019-2020» дар Чин мувофиқа шуд.  

Аз 7-ум то 11-уми майи соли 2018 дар шаҳри Ухани музофоти Хубейи Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуъмон Абдуғаффорзода иштирок кард.

Дар ҷаласаҳои корӣ лоиҳаи “Нақшаи якҷоя оид ба амалисозии Барномаи рушди сайёҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай  барои давраи солҳои 2019-2020” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи Нақшаи мазкур масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои узви Созмон, ҳамкориҳо дар самти татбиқи барномаҳои сайёҳӣ, ҳамкориҳо дар самти беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои сайёҳӣ, ҳамкориҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи сайёҳон ва суғуртаи онҳо ва дигар масъалаҳои рушди сайёҳиро фарогир буда, он аз ҷониби роҳбарони ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои узви СҲШ маъқул дониста шуд.

Татбиқи босамари Нақшаи якҷоя оид ба амалисозии “Барномаи рушди сайёҳии кишварҳои узви СҲШ барои давраи солҳои 2019-2020” барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар доираи Созмон ва ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи сайёҳӣ мусоидат хоҳад намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.