АНОНС

- Дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии даври хотимавии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Олтин Асир» (Туркманистон) доир мегардад. Оғоз соати 18:00;

- Дар Китобхонаи миллӣ доир ба масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 10:00;

- Дар Душанбе финали форуми «Рушди инноватсионии имконоти сайёҳӣ ва косибии Тоҷикистон барпо мешавад. Оғоз соати 10:00 дар толори конфронси «Брюссел», меҳмонхонаи «Хайят Риҷенси»;

- Дар маҷмааи «Манеж»-и Душанбе (собиқ ВДНХ) намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус ҷараён дорад. Оғози кори намоишгоҳ соати 10:00;

- Дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо иштироки арбобони санъати Беларус консерт барпо мешавад. Воридшавӣ аз рӯи даъватномаҳо.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.9642 сомонӣ;

1 евро – 10.6145 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1434 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1703 — Таъсиси шаҳри Санкт-Петербург ва оғози бунёди қасри Петропавловск.

1967 – Дар Ленинград як миқдори нахустини телевизорҳои рангаи «Радуга» истеҳсол шуд.

1975 Нахустин зан, шаҳрванди Ҷопон Юнко Табен қуллаи Эверестро фатҳ намуд.

2007 — Президенти ҶТ қонун «Дар бораи афви шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар робита ба қонунигардонии амвол»-ро ба имзо расонид.

1903-1973 – Зодрӯзи оҳангсоз ва сароянда, дорандаи Ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ Шоҳназар Соҳибов.

1932 – Мавлуди олим-токсиколог, доктори илмҳои тиббӣ Абдулло Яқубов.

1935-2008 – Зодрӯзи оҳангсоз, коргардон ва сароянда Саидмурод Ҳотамов.

1938 – Мавлуди адабиётшинос Юсуф Акбаров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +21+26; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +7+12.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +12+17.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ғарб борони кӯтоҳмуддат, дар шарқ (боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +15+20; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +9+14.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.  

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +18+23; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +8+13.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +20+22.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +21+23.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +17+19.