Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 25-26 апрел обуҳаво дар ҷумҳурӣ якбора номусоид шуда, борон меборад (дар баландии беш аз 2500 метр барф), баъзан боришоти шадид, раъду барқ ба амал омада, дар ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ боридани жола имкон дорад.

Ҳарорат рӯзона ба ҳисоби миёна 10 дараҷа поин рафта, аллакай имрӯз пурзӯр шудани суръати вазиши шамол то 17-22 метр дар як сония ва дар Хатлон бо чангу ғубор пешбинӣ мешавад.

Имрӯз дар Душанбе обуҳавои бебориш, суръати вазиши шамол 3-8 метр дар як сония ва ҳарорат шабона 10-12 дараҷа гарм ва рӯзона то 29 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.

Пагоҳ, 25 апрел дар пойтахт борони шадид ва раъду барқ, ҳамчунин боридони жола дар назар аст. Ҳарорат: шабона 9-11 дараҷа гарм ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзи 26 апрел обуҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат шабона 6-8 дараҷа ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзи ҷумъа, 27 апрел обуҳаво дар пойтахт бебориш ва мусоидтар шуда, ҳарорат шабона 5-7 дараҷа ва рӯзона 25-27 дараҷа гарм мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.