Аз 20 то 22 феврали соли 2018, оғои Томохиро НАКАГАКИ, муовини роҳбари намояндагии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Хатлон ташриф оварда, дар маросими муваффақона анҷом ёфтани панҷ лоиҳаҳои Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) ширкат варзид. 

Рӯзи аввал, маросими бомуваффақ анҷом ёфтани ду лоиҳа ҷашн гирифта шуд. Маросими анчомёбии «Лоиҳаи барқарорсозии мактаби №8 дар деҳаи “Меҳнатобод”-и ҷамоати “Ғаллаобод”-и ноҳияи Хуросон», бо ҳузури оғои Раҳматтуло САФАРЗОДА, раиси ноҳияи Хуросон баргузор гардид. Маблағи умумии 82,154 доллари ИМА ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Хуросон аз тарафи Ҳукумати Ҷопон бо мақсади таҷдиди бинои мактаби № 8 ва фароҳам овардани шароити хуби омӯзиш барои толибилмон ҷудо карда шуд.

Маросими дуюм бахшида ба бомуваффақ анҷом ёфтани «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизот ва сохтмони бино барои Маркази дастгирии занон дар шаҳри Қурғонтеппа» равона шуд.Маблагии умумии 82,260 доллари ИМА ба ташклоти гайридавлатии “Дилафруз” барои сохтмон ва тачхизотонидани Маркази занон дар шаҳри Кургантеппа ҷудо гардид. Ғайр аз ҳузури хонум Роҳхунул ҲАҚБЕРДИЕВА, роҳбари ташкилоти ғайридавлатии «Дилафрӯз», намояндагони Ҳукумати маҳаллӣ, занони маҳаллӣ ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд.

Рузи 21-уми феврал, оғои НАКАГАКИ ба ноҳияи Қубодиён сафар намуда, бо ҳамроҳи Зафар ФАЙЗУЛЛОЗОДА, раиси ноҳияи Қубодиён дар маросими анчомёбии   «Лоиҳаи беҳтар намудани системаи оби нӯшокӣ дар ноҳияи Қубодиён»,  ширкат варзид. Маблағи умумии 84,216 доллари ИМА ба мақомотҳои маҳаллии ноҳияи Қубодиён бо мақсади таъмири пойгоҳҳои обӣ ва системаи обтаъминкунӣ барои таъмини оби нӯшокӣ ба сокинони шаҳри Қубодиён ҷудо гардида шуд.

Худи ҳамон рӯз, оғои НАКАГАКИ  бо оғои Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси ноҳияи Шаҳритуз, дар маросими ба анҷом расидани «Лоиҳаи барқарорсозии бинои мавҷуда ва сохтмони биноҳои нави мактаби No.29 дар деҳаи “Ватан”-и ҷамоати “Обшорон”-и ноҳияи Шаҳритуз » иштирок намуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Шаҳритуз грантро бо маблағи умумии 84,868 доллари ИМА барои сохтмони бинои нави мактаб ва беҳтар намудани муҳити таълимӣ барои талабагон ба даст овард.

Дар рӯзи охири сафари корӣ, оғои НАКАГАКИ дар якҷоягӣ бо оғои Фотеҳ АМИНЗОДА, раиси ноҳияи Ҷайҳун ва мардумони маҳаллӣ  маросими анҷомёбии «Лоиҳаи барқарор намудани ду пул дар ҷамоати “Яккадин”-и ноҳияи Ҷайҳун»-ро ҷашн намуданд. Чун пулҳо дар инфрасохтори маҳаллӣ нақши муҳим мебозанд, Ҳукумати Ҷопон барои барқарор кардани ин пулҳо ба ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Ҷайҳун 84,355 доллари ИМА ҷудо намуд.

Дар давоми маросимҳо, оғои НАКАГАКИ дар суханронии хеш аҳамияти лоиҳаҳои GGP-ро барои рушди Тоҷикистонро арзёбӣ намуд. Ӯ инчунин қайд намуд, ки Барномахои Ҳукумати Ҷопон дар самтхои мухталифи саросари кишвар амалӣ гашта, махсус барои аҳолии минтақаҳои дурдаст шароити мусоид фароҳам меоранд. Раисҳои мақомотҳои ҳар як ноҳияи номбаршуда миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷопон барои рушди ноҳияҳояшон изҳор намуданд.

Биноан Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёди ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ “GGP” тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд.

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 387 лоиҳаро ба маблағи умумии $31,3 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.