АНОНС

- Нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли 2017:

- Раҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ - оғоз соати 09:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ;

- Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон - оғоз соати 11:00;

- ШСХК «Барқи тоҷик» - оғоз соати 15:00;

- Дар Варзишгоҳи марказии Душанбе байни дастаҳои футболи «Панҷшер» ва «Истиқлол» вохӯрӣ доир мегардад. Оғоз соати 14:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8197 сомонӣ;

1 евро – 10.8862 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1526 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1929 – Таъсиси рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон» (феълан «Халқ овози»).

1960 – Таъсиси мактаб-интернати комплексӣ дар Лучоб (ш.Сталинобод).

1962 – Ифтитоҳи корхонаи консервбарорӣ дар ш. Қӯрғонтеппа.

1941 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев.

1955 – Мавлуди доктори улуми филология Маъруф Раҷабӣ.

1957 – Зодрӯзи журналист Муҳаммадмурод Сайдалиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2-7, рӯзона +6+11, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -3+2.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +7+12.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона +2+7; дар шарқ шабона -15-20, рӯзона 0-5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф) дар назар аст. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона 0+5.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз каме борон меборад.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +12+14.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +4+6.