Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистн изҳор медорад, ки айни замон 34 нафар бо аломатҳои заҳролудшавӣ дар бемористон бистарианд. Қаблан дар бораи 19 тан аз заҳролудшудагон хабар расида буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳамаи 160 нафар сокинони ноҳияи Ишкошим бо мусоидати Вазорат ва ҷалби мутахассисони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ноҳия аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд.

«Аз ин шумор имрӯз 12 нафар кӯдакон ва 22 тан аз калонсолон дар бемористон бистарӣ шуданд. Миёни онҳо Наврӯзмоҳ Раҳматоваи 23-сола низ ҳузур дорад, ки дар ҳафтаи 17-18-уми ҳомиладорӣ мебошад ва зери назорати махсуси табибону мутахассисон қарор дорад», - гуфтанд дар Вазорати тандурустӣ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо истинод ба Насрингул Некӯшоева, сардори Раёсати тандурустии вилояти Бадахшон, шумораи заҳролудшудаҳо дар ноҳияи Ишкошим аз рустании "гелиотроп" дар таркиби гандум ба 39 нафар расид.

Ёдрас мекунем, ки сокинони ду деҳаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ аз орди гандуме, ки соҳибкори маҳаллӣ аз ноҳияи Ҳамадонӣ овардааст, заҳролуд шуданд. Баъдан маълум шудааст, ки дар таркиби гандум растании заҳролуд - гелиотроп мавҷуд будааст.

Гурӯҳи кории бо дастури раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ташкилшуда, дар ноҳияи Ишкошим сабабҳои заҳролудшавии одамонро муайн карда, санаи 9 феврал раиси вилоят гурӯҳи мутахассион аз Вазорати тандурустиро қабул кардааст, ки барои муолиҷаи сокинони заҳролудшудаи Ишкошим омадаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.