АНОНС

- Нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли 2017:

- Раҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон - оғоз соати 09:00 дар бинои Вазорат;

- Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон - оғоз соати 15:00 дар бинои Кумита;

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8202 сомонӣ;

1 евро – 10.8180 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1521 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2010 — Президенти Туркманистон Г.Бердимуҳаммедов дар бораи кумаки бебозгашт ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 500 ҳазор доллар дастур ба имзо расонид.

2013 — Мақомоти марбута ба нақли нақлиёти ҳавоии Тоҷикистон ширкати нави хусусии ҳавопаймоии «Asian Express Airlines»-ро ба қайд гирифтанд.

1929 – Зодрӯзи академик Ислом Абдусаломов.

1948 – Мавлуди арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Абдулҳафиз Қодирӣ.

1952 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Дилбар Валаматзода.

1959 – Зодрӯзи иқтисодчӣ Ҳамидуллохон Фақеров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2-7, рӯзона +6+11, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -3+2.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +7+12.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона +2+7; дар шарқ шабона -15-20, рӯзона 0-5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф) дар назар аст. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона 0+5.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз каме борон меборад.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +12+14.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +4+6.