Дар шаҳри Ворнежи Русия соҳибкорон Ҳомидҷон Фазлиев ва Ҷамолиддин Хоҷаев, ки ҳарду зодагони Тоҷикистон буда, муддати зиёдест дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, чойхонаи тоҷикӣ боз намуда, ба ифтихори чойхонаи ҳамном дар Душанбе онро низ «Роҳат» номгузорӣ карданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии мқомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, дар чойхона ба мизоҷон маҷмӯи зиёди таому хӯрокҳо ва шириниҳои шарқӣ, бахусус тоҷикӣ пешниҳод мегардад.


Ба қавли муассисон, ошпазҳоро махсус аз Тоҷикистон даъват кардаанд, ки устои касби худ мебошанд. Бисёре аз таомҳои пешниҳодшуда, аз қабили лағмону манту, самбуса ва ғайра аллакай писанди мизоҷон шудааст.

Чойхона бо тарзу услуби сохтмон ва нақшу нигори шарқӣ, аз ҷумла кандакории миллӣ дар чӯб, сӯзаниҳо ва сарулибоси миллӣ зебу ороиш дода шуда, бо ворид шудан ба он мизоҷонро гӯё замоне муҳити афсонавии Тоҷикистони офтобрӯя фаро мегирад.


Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи аввали фаъолият беш 20 нафар дар чойхона бо ҷойи кор таъмин шудаанд, ки аксарияташон муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон мебошанд.

Соҳибкорон мегӯянд, ифтитоҳи чойхонаи миллӣ натанҳо ба беҳтар шудани вазъи хӯроки умумӣ мусоидат мекунад, балки ба сокинони маҳаллӣ барои шиносоии наздик бо таомҳои миллӣ ва фарҳанги қадимаи тоҷикон шароит фароҳам меоварад.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси барномаи навсозии симои Душанбе,  чанд моҳи наздик кӯчонидани  чойхонаи «Роҳат» дар назар аст. Аз ҳисоби заминҳои он васеъ кардани ҳудуди бинои ҳукумати Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Чойхонаи "Роҳат" дар Душанбе
Asia-Plus

Аввали соли гузашта, дар бахши сайру саёҳати сомонаи расмии шабакаи телевизионии CNN чойхонаи «Роҳат»-и шаҳри Душанбе яке аз «дурдонаҳои меъморӣ» ва яке аз чойхонаҳои беҳтарини ҷаҳон номида шуд.