Президенти Тоҷикистон ва раиси Ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи таъсиси Филармонияи давлатии кӯдакони Тоҷикистонро ба имзо расонид. Қарор санаи 28 июл ба имзо расидааст.

Дар қарор зикр мегардад, ки Филармонияи давлатии кӯдакони Тоҷикистон дар заминаи амвол ва воҳидҳои кории «Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ-маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон» таъсис дода мешавад.

Ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, ки бо тартиботи муқарраршуда масоили тадорукотӣ ва ҳуқуқӣ оид ба таъсиси Филармонияи давлатии кӯдаконро ҳаллу фасл намояд.

Вазорати молияи Тоҷикистон ба маблағгузории фаъолияти муассисаи давлатии мазкур аз ҳисоби воситаҳои барои муассисаҳои фарҳангӣ пешбинигардида вазифадор шудааст.