Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон генерал-лейтенант Саймумин Ятимов (сиёсатшиносӣ), вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид (фалсафа) ва котиби матбуотии Президенти Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода (таърих) узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Академияи илмҳои ҶТ иттилоъ дод, муовини аввали вазири корҳои хориҷии кишвар Низомиддин Зоҳидӣ (шарқшиносӣ) низ узви вобастаи Академияи илҳои ҷумҳурӣ интихоб шудааст.

Маросими интихоби академикҳо ва узвҳои вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзи 14 июл доир гардида, 5 академик ва 35 узви вобастаи Академия интихоб шуданд. Ба ин унвонҳо 8 номзад ба академикӣ ва 103 номзад ба унвони узви вобаста довталабӣ доштанд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, рӯйхати пурраи академикҳо ва узвҳои вобастаи интихобшудаи Академияи илмҳои ҶТ нимаи дуюми имрӯз нашр хоҳад шуд.