Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба хотири ёдбуди се насли сарбозону афсарони шӯравӣ дар Тоҷикистон маҷмааи ёдгорӣ бунёд мекунанд.

Хабаргузории ТАСС дар ин робита менависад,  айни замон барои насби маҷмаа ҷой интихоб шуда, ангора (эскиз)-и он мавриди таҳия қарор дорад.

Маҷмаа ба хотири ёдбуди сарбозони ҳалокшуда дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва амалиёти низомӣ дар Афғонистон сохта мешавад.

Бино ба маълумоти Ҳавзаи ҳарбии марказӣ, низомиёни рус аллакай лавҳаи ёдгории кормандони амният дар дараи Қаратоғро, ки дар ҷанги солҳои 1922-1926 барои роҳандозии ҳокимияти шӯравӣ ҷони худро аз даст дода буданд, таъмиру навсозӣ кардаанд.

«Корҳои таъмиру азнавсозии лавҳа ва ободонии гирду атрофи он аз ҳисоби маблағҳои шуъбаи Хадамоти федералии амнияти пойгоҳи низомӣ дар ҳамдастӣ бо ҳамтоҳои тоҷик, ҳокимияти маҳаллӣ, ҷанговарони интернатсиналист ва гурӯҳи «Ёдбуд-201» (Память-201) ба иҷро расонида шуд», - қайд мешавад дар маълумоти хадамоти матбуот.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.