Нархи имсолаи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик тақрибан 33 ҳазор сомонӣ, муодили 3630 доллар, муқаррар шудааст, ки назар ба як соли пеш 4 ҳазор сомонӣ бештар аст.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумита дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон, рӯзи 17-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, "аммо ба далели боло рафтани қурби доллар ин омил ба арзиши умумии хизматрасониҳо дар мавсими ҳаҷҷи имсола бо пули миллӣ таъсир гузошт. Зеро қарордодҳои Кумита бо ширкатҳои хизматрасони Арабистони Саудӣ бо доллари амрикоӣ сурат мегиранд."

Гузашта аз ин, ба гуфтаи Афшини Муқим, имсол Арабистони Саудӣ арзиши боҷи шоҳӣ (авоид)-ро низ барои ҳар як зоир то 52 доллар афзоиш додааст.

Нархи сафари имсолаи ҳаҷ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон муайян шудааст. Афшини Муқим мегӯяд, тақрибан 33 ҳазор сомонӣ пули сафари ҳаҷ ба намояндагиҳои бонки давлатии “Амонатбонк” супурда шуда, баъдан “барои харидани билети ҳавопаймо, меҳмонхона дар Маккаву Мадина, ғизо, роҳбалад, иқомат дар Мино, қурбонӣ, оби Замзам ва боҷи шоҳӣ сарф хоҳанд шуд.”

Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба зиёрати Хонаи Худо мераванд. Имсол низ ин шумора тағйир наёфтааст. Интизор меравад, маъракаи ҳаҷҷи имсола дар миёнаҳои моҳи август оғоз шавад.

Ҳаҷ барои ҳар мусалмон ҳадди ақал як бор дар зиндагиаш, дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ, фарз шудааст. Аммо тибқи қарори ду соли пеш, танҳо нафарони аз 40-сола боло ҳаққи сафар ба Маккаву Мадина барои анҷоми фаризаи Ҳаҷро доранд. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин иқдом фароҳам овардани имкони зиёрат барои хоҳишмандони солманд аст, чунки навбати Ҳаҷ дар бисёре аз навоҳии кишвар аллакай барои 5 ва ҳатто 10 соли оянда пур шудааст.

Бино ба маълумоти Кумитаи дин, арзиши хизматрасониҳо барои мавсими «Ҳаҷ-2017» 32 ҳазору 671 сомонию 89 дирамро ташкил медиҳад.