Ҳавопаймои ширкати Turkish Airlines, ки аз шаҳри Душанбе ба Истанбул роҳ пеш гирифта буд, бар асари барфрезии зиёд маҷбур шуд, ки ба майдони ҳавоии шаҳри Измир фуруд ояд.

Гуфта мешавад, ширкати ҳавопаймоӣ ҳамаи мусофиронро бо ҷойи хоб дар меҳмонхона ва ғизо таъмин кардааст.

Мусофирони тоҷик дар ин мехмонхона чой карда шуданд

Аз ширкати ҳавопаймоии туркӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи барфрезии зиёд фурудгоҳи шаҳри Истанбул ҳавопаймоҳои беш аз 200 хатсайрро қабул карда натавонистааст.

Мусофирони Тоҷикистон аллакай рӯзи дуюм аст, ки дар шаҳри Измир қарор доранд. Онҳоро дар меҳмонхонаи панҷситорадор бо хӯроки седафъаина ҷой кардаанд.

Ширкати ҳавопаймоӣ ният доштааст, ки базудӣ ҳамаи мусофиронро аз Измир ба Истанбул расонад, вале акнун дар Измир барфрезии шадид шурӯъ шуда, аз эҳтимол дур нест, ки мусофирон боз як рӯзи дигар дар он ҷо бимонанд.

Барфрезии шадид дар Измир
Аксҳои мусофирон

Ҳамчунин ширкати ҳавопаймоии Туркия ваъда додааст, ки зиёни расида ба ҳамаи мусофиронеро, ки тариқи транзит аз Истанул сафар доштанд, ҷуброн мекунад.