Дар «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон муовини сарвазири мамлакат ва ҳамзамон роҳбари ситоди ҷумҳуриявии ташкили даъвати бахорӣ ба хизмати ҳарбӣ Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии корӣ оид ба даъвати баҳории ҷавононро баргузор намуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», ба сарпрокурори ҳарбӣ дастур дода шуд, ки назоратро дар самтҳои зикргардида ҷиддӣ ва дар чаҳорчўбаи қонунҳои амалкунанда ба роҳ монад.

Тибқи иттилои муовини сарвазир, новобаста аз он, ки даъвати тирамоҳӣ 13 рўз қабл аз муҳлати муқарраршуда ба анҷом расида бошад ҳам, мутаассифона, баъзан падидаҳои номатлуби бо тарзи иҳотагирӣ (облава) даъват кардани ҷавонон барои адои қарзи фарзандии хизмат ба Ватан ба чашм мерасид, ки ин ба талаботи муосир ҷавобгўй намебошад. Ҳамзамон ҳолатҳои ҷалби ҷавонони бемор бо хулосаи нодурусти тиббии Вазорати тандурустӣ мушоҳида мегардид.

Бо мақсади бартараф кардан ва минбаъд роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо аз 73 комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ роҳбарони 51-тои он иваз карда шуданд. Ба ҳамаи комиссариатҳои ҳарбии нав таъйингардида супориши қатъӣ дода шуд, ки ба чунин усули ғайри қобили қабул даъват кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хотима бахшанд.

Дар навбати худ Вазорати мудофиа, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон ва сайёҳӣ, инчунин масъулини шаҳру ноҳияҳо дар минтақаҳо вазифадор мегарданд, ки корҳои таблиғотию ватандўстиро дар байни аҳолӣ, хусусан дар байни ҷавонон пурзӯр намоянд, зеро марзу буми Тоҷикистон муқаддасанд ва ҳифзу таъмини ягонагии он вазифаи ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси кишвар мебошад.

Маҷбуран ба комисариати ҳарбӣ овардани даъватшаванда (бо ҳама гуна баҳона) ғайриқонунӣ аст! Дар зер бо ҳуқуқҳои худ дар қоидаҳои нав шинос шуда метавонед.