Дар шаҳри Хуҷанд санаи 18 апрел иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар иҷлосия вакилони халқ якдилона фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси вилояти Суғд озод намудани Абдураҳмон Қодирӣ ва ба ин мансаб таъин Раҷаббой Аҳмадзодаро ҷонибдорӣ ва тасдиқ карданд.

Гуфта мешавад, муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов маълумот дода, вакилони халқ иваз намудани номи 32 деҳа ва як деҳотро якдилона маъқул шумориданд.

Пешниҳоди иҷлосия дар бораи табдили номи деҳа ва ҷамоатҳо ба ҳукумати Тоҷикистон равона гардида, дар сурати маъқул шуморида шудан, ҳукумат дар навбати худ онро ҷиҳати тасдиқ ба палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.