Палатаи поёнии парлумон ҷиҳати робитаи мустақим бо аҳолӣ гӯшаи  «Равзанаи Парлумон» роҳандозӣ мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, «Равзанаи Парлумон» нишонаи электронии худро дошта (Ravzana-2018@mail.ru),  шаҳрвандон метавонанд аз тариқи ин почтаи электронӣ  ва телефонҳо 221-68-16, 221-13-78,  221-11 -43, 221-11-71 саволу дархостҳои худро ба Маҷлиси намояндагон ирсол намоянд.

Гуфта мешавад, саволу дархостҳои шаҳрвандон ҳамарӯза аз ҷониби кормандони котиботи роҳбарият,  шуъбаи матбуот, шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба кумитаву комиссияҳо  ва дигар шуъбаҳои дахлдор барои баррасӣ супорида, онро таҳти назорат қарор медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки пас аз омӯзиш ва баррасии муроҷиатҳо саволу  дархостҳои шаҳрвандон бо зикри ному насаб ва суроғаи  мушаххаси  муроҷиаткунанда  нахуст ба шаҳрванд ва баъдан дар нашрияҳои зикршуда ба нашр расонида мешавад.

Мувофиқи нақша, пас аз омӯзиши марҳилаи аввали фаъолияти ин гӯшаи  «Равзанаи Парлумон», иқдоми мазкур метавонад  дар расонаҳои дигари давлатӣ ва ё ғайридавлатӣ низ ба роҳ монда шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.