Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи даъвати иҷлосияи 23-уми палатаи болоии парлумон, даъвати панҷум санаи 21 декабр дар Душанбе қарор ба имзо расонид.

Тавре ёвари раиси Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ Наврӯз Қурбонзода хабар дод, аъзои палатаи болоии парлумон қонунҳои қаблан қабулшуда дар Маҷлиси намояндагон - «Дар бораи мақоми пойтахт», «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маснӯоти тамоку» ва дигар санадҳои қонунгузориро баррасӣ мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар иҷлосия беш аз 25 масъала, аз ҷумла додани мақоми шаҳрак ба маркази маъмурии ноҳияи Тоҷикобод мавриди баррасӣ қарор мегирад.