Рӯзи 16 ноябр дар Қасри Арбоби шахри Хуҷанд ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ маҷлиси тантанавӣ доир мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба маҷлиси тантанавӣ аъзои ҳукумати кишвар, вакилони парлумон, собиқадорон ва намояндагони аҳли ҷомеа даъват шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, барои таъмиру азнавсозии Қасри Арбоб ба муносибати ин маҷлис аз буҷети вилояти Суғд 5 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор шуд, ки барои ба эътидол овардани вазъ дар ҷумҳурӣ замина гузошт. Дар иҷлосияи мазкур истеъфои раисҷумҳури вақт Раҳмон Набиев қабул гардида, Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд.