Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода зимни боздид аз макони аз офат осебдидаи деҳаи Хостави ноҳияи Дарвоз, ки баъди фаромадани ярч 22 манзили аҳолӣ зери об монд, ба сокинони осебдида итминон дод, ки тақдири онҳо зери назорати дақиқи раҳбарияти кишвар қарор дорад.

Маркази матбуоти ҳукумати ВМКБ

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ВМКБ хабар доданд, ӯ изҳор намуд, ки оилаҳое, ки беманзил мондаанд, ба макони амну бехавф кӯчонида шуда, ҷойи он аллакай муайян карда шудааст ва дар ин мавзеъ барои онҳо манзилҳои нав сохта мешаванд.

Сарвазир ба раҳбарияти вилоят дастур дод, ки ҷараёни сохтмони манзилҳо таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирад, то ки пеш аз фарорасии сармо осебдидагон ба манзилҳои нав соҳиб шаванд.

Маркази матбуоти ҳукумати ВМКБ

Ӯ ҳамчунин ба раҳбарияти вилоят ва ноҳияи Дарвоз дастур дод, ки ҳарчи зудтар ҳисобу китоби ҳаҷми зиёни расида аз офатро ба анҷом расонанд, то ки ҳаҷми кумак ба осебдидагон муайян карда шавад.

Маркази матбуоти ҳукумати ВМКБ

Ғайр аз ин, сарвазир супориш дод, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи зериобмондаи Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз дар фурсати кӯтоҳтарин барқарор карда шавад.