Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Тоҷикистон доир гардида, дар он беш аз 20 масъалаи марбут ба қабули қонунҳои нав ва ворид намудани тағйироту илова ба онҳо баррасӣ мешавад.

Аъзои Маҷлиси миллӣ тағйирот ба қонун «Дар бораи ҳукумати Тоҷикистон»-ро баррасӣ мекунанд, ки дар он пур кардану ба мақомоти андоз супурдани эъломия дар бораи даромадҳо натанҳо барои аъзои ҳукумат, балки барои хешовандони наздики онҳо низ пешбинӣ шудааст.

Ҳанӯз чанд сол қабл бо супориши президент хизматчиёни давлатии Тоҷикистонро уҳдадор карда буданд, ки мувофиқи қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ» (моддаи 32) ва «Дар бораи мубориза бо коррупсия» (моддаи 8), ҳамасола дар бораи даромад ва сарчашмаҳои ба даст омадани онҳо ба мақомоти андоз ҳисобот диҳанд.

Ғайр аз ин, соли 2015 ба қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ» тағийрот ворид гардид, ки мутобиқи он ба мансабдорони давлатӣ кушодани суратҳисоб дар бонкҳои хориҷӣ ва харидани амволи ғайриманқул дар хориҷи кишвар манъ шуд, ки ҳадафаш «роҳ надодан барои берун рафтани воситаҳо аз Тоҷикистон» арзёбӣ мешуд.

Ғайр аз ин, дар тағйироту иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки барои риоя накардани савганди садоқат ба президент аъзои ҳукумат ба масъулияти интизомӣ ҷалб карда мешаванд.

Мутобиқи тағйироти моҳи майи соли гузашта қабулшуда ба Конститутсияи ҷумҳурӣ, аъзои ҳарду палатаҳои парлумон ба мардум ва аъзои ҳукумат ба президенти ҷумҳурӣ савганди садоқат ёд мекунанд.

Шурӯъ аз ҳамин сол беш аз 19 ҳазор нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ҳатман ба Ватан савганди садоқат ёд мекунанд. Қаблан танҳо президент ва кормандони сохторҳои қудратӣ савганди садоқат ёд мекарданд.

Ҳамчунин имрӯз дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди ҳукумат доир ба табдили номи деҳаҳои Уртқайнар ва Ғорбулоқи ноҳияи Ёвон ба Зафар ва Ғорчашма қарори дахлдор қабул хоҳад шуд.