Дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси пойтахт интихоб шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, зимни суханронӣ ба сифати раиси Маҷлис Рустами Эмомалӣ маъмурияти шаҳрро ба тақвияти корҳо дар самти иҷрои нақшаи чорабиниҳо ба муносибати Соли ҷавонон даъват намуда, ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати пешгирии густариши ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар, ифротгароӣ ва терроризм байни ҷавонон дастур дод.

Дар иҷлосия як қатор қарорҳои қабулнамудаи Иҷрокунадаи вазифаи  Раиси шаҳри Душанбе дар робита ба сиёсати кадрҳо баррасӣ ва тасдиқ шуда, раиси шаҳр зимни баррасии масъалаи зикршуда, таъкид намуд, ки тамоми кадрҳои ба вазифаҳо таъиншуда мутахассисони соҳаҳои худ буда, дар зинаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ифои вазифа кардаанд ва дорои хислатҳои баланди кордонӣ, садоқат ба халқу Ватан ва вазифаи ба уҳдагирифта мебошанд.

Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи масъулинро ҷиҳати дар корҳои  сохтмонӣ   истифода набурдании масолеҳи зуддаргиранда, нигоҳдошти воситаҳои нақлиёту ҷои партовгоҳ бо назардошти меъёрҳои санитарӣ, роҳравҳо ва майдончаи бозии кӯдакон, назорати корҳои азнавсозии роҳу пулҳо, ки аз ҷониби соҳибкорони саховатпеша амалӣ мешавад,  ҳолати тозагӣ ва сифати роҳҳо,  таъмини сокинони пойтахт бо оби ошомиданӣ ҷалб намуд. 

Ҳамчунин ба масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар, танзиму муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ва захираи он, ба тартиб даровардани намуди зоҳирии бозорҳои коммуналию хусусӣ, ҷорӣ намудани либоси ягона барои фурӯшандагон ва аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, фароҳам овардани шароити гармӣ дар биноҳои баландошёна, истифодаи самараноки қувваи барқ, ташкили ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ ва атласу адрас ва дигар масъалаҳои ҳалталаб таваҷҷуҳ зоҳир шуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии онҳо   дастуру супоришҳои мушахас дода шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.